Душанбе. 28-уми феврал. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ ба барномаи сафари расмии худ ба Тоҷикистон тағйирот ворид сохта, чанде қабл озими ватан гардид.
Тавре роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, нимаи дуввуми рӯзи гузашта пас аз мулоқот бо президенти Тоҷикистон сарвари давлати Яман ба шаҳри Норак рафта, бо фаъолияти нерӯгоҳи Норак аз наздик ошно гардид. «Шоми дирӯз Алӣ Абдулло Солеҳ аз Душанбе озими ватан шуд», - гуфт ӯ. Дар Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ сабабҳои пеш аз мӯҳлат анҷом ёфтани сафари расмии президенти Яманро шарҳ надоданд.
Ёдовар мешавем, ки президенти Яман Алӣ Абдулло Солеҳ шоми 26-уми феврал бо сафари расмӣ ба Тоҷикистон ташриф овард ва тибқи барномаи сафар, мебоист то шоми 28-уми феврал дар Тоҷикистон ҳузур дошта, имрӯз бо раиси Маҷлиси Миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва нахуствазири ҷумҳурӣ дидору гуфтушунид мекард.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста