Душанбе. 16-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Президенти Ҷумҳурии Туркия Абдулло Гул мулоқот намуд.
Абдулло Гул ба Эмомалӣ Раҳмон барои қабули даъват ва ташриф овардан ба Туркия изҳори сипос намуд.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду кишвар ва мавзӯъҳои
Форуми 5-уми ҷаҳонии об баррасӣ шуд.
Таъкид гардид,
ки Тоҷикистону Туркия дар масъалаҳои марбут ба рушди робитаҳои дуҷониба ва байналмилаливу минтақавӣ назари ба ҳам наздик доранд.
Сарони ду давлат аз сатҳи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратии дуҷониба изҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон таъкид бар он доштанд, ки имкону захираҳои истифоданашуда барои боло бурдани нишондодҳои мушаххаси равобити судманд ҳанӯз хеле зиёданд.
Зикр гардид, ки мубодилаи мол тайи ду соли охир аз ним миллиард доллар болотар аст.
Боз ҳам фаъолтар намудани кори Комиссияи муштараки ҳамкориҳои иқтисодӣ ва татбиқи пурсамари санадҳои сершумори дуҷониба матлуб шумурда шуд.
Сарони ду давлат - Эмомалӣ Раҳмон ва Абдулло Гул ҳамчунин оид ба рушди ҳамкориҳо дар соҳаҳои маориф, илму фарҳанг ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯйи судманд анҷом доданд. Дар ин бора аз дафтари матбуоти саравари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста