Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми рӯзи 26-уми март Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо сафари расмӣ озими Муғулистон мешавад.
Чӣ тавре ки роҳбари департаменти иттилооти Вазорати умури хориҷии ҷумҳурӣ Давлат Назриев ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, рӯзи 27-уми март нахуст мулоқоти як ба яки Эмомалӣ Раҳмон ва президенти Муғулистон Намбарин Энхбаяр ва сипас гуфтушуниди ҳайатҳои васеи ҷонибҳо баргузор мешавад.
Ба гуфтаи Д.Назриев, аз рӯи натиҷаҳои гуфтушунид имзои як қатор асноди дуҷониба дар назар аст. «Ғайр аз ин, президенти Тоҷикистон бо муовини раиси парлумони Муғулистон ва муовини аввали нахуствазири Муғулистон низ дидору гуфтушунид хоҳад кард», - гуфт ӯ.
Зикр гардид, ки шоми рӯзи 27-уми март сарвари давлати Тоҷикистон ба ватан бармегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста