Душанбе. 25-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Матни пурраи суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Парлумони Иттиҳоди Аврупо ва мӯҳтавои сӯҳбати тӯлонии ӯ бо намояндагони он дар нашрияи «THE
PARLAMENT
MAGAZINE», ки
маҷаллаи иҷтимоӣ - сиёсии Парлумони Иттиҳоди Аврупо аст, таҳти унвони «Нақши эътидоловарӣ дар Осиёи Марказӣ» нашр гардида, мавриди вокуниши васеъи аҳли ҷомеа қарор гирифт. Дар муқоваи маҷалла расми калони Эмомалӣ Раҳмон ва суханони зерини ӯ оварда шудааст: «Мо бо Иттиҳоди Аврупо баҳри дарёфти роҳҳои бартарфсозии мушкилоти Осиёи Марказӣ ва мубориза бо таҳдиду хатарҳои муосир муносиботи равшану ошкоро дорем».
Дар ҳамон ҷо ҳамчунин омадааст, ки «Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷонибдори таҳкими муносибот бо Иттиҳоди Аврупо, тақвияти нақши Тоҷикистон чун нерӯи эътидоловарӣ ба Афғонистон, пурзӯр намудани мубориза бо қочоқ ва баланд бардоштани иқтидори гидроэнергетикӣ аст».
Мавзӯъи сӯҳбати Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони Парлумони Иттиҳоди Аврупо дар се саҳифаи ин маҷаллаи бонуфуз матраҳ шуда, пешниҳодҳои муфиди Сарвари давлати Тоҷикистон баҳри муттаҳидсозии имкону захираҳои муштараки сатҳу зинаҳои миллӣ, минтақавӣ ва ҷаҳонӣ дар ҳаллу фасли мушкилоти сангини Ҷумҳурии Исломии Афғонистон муҳим арзёбӣ гардидаанд.
Аз ҷумла пешниҳоди ӯ дар бораи он, ки афзалият на
ба роҳи низомии ҳалли қазияи бисёрсолаи Афғонистон, балки ба кӯмакҳои иҷтимоию иқтисодӣ ба ин кишвари азияткашида ва муҳайё намудани ҷойҳои корӣ барои мардуми он бояд дода шавад, мавриди дастгирӣ қарор гирифтааст. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста