Душанбе. 26-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон якчанд қонунҳо, ки аз тарафи Маҷлиси намояндагон қабул гардида, Маҷлиси миллӣ онҳоро ҷонибдорӣ намудааст, ба имзо расиданд.
Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи таърихи қарз (кредит) ", «Дар бораи мораторияи санҷишҳои фаъолияти субъектҳои соҳибкории хурду миёна дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ", «Дар бораи карантини растанӣ», «Дар бораи донории хун ва ҷузъҳои он», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи ворид намудани тағйирот ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани илова ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон дар
бораи маориф » аз ҷумлаи онҳо мебошанд.
Бояд қайд намуд, ки қонунҳои ба имзорасида, пеш аз ҳама бо мақсади таъмини ҳуқуқу озодиҳои инсон, рушди минбаъдаи ҳаёти иқтисодию иҷтимоии кишвар, такмили қонунгузории ҷумҳурӣ ва танзими ҳамаҷонибаи муносибатҳои ҷамъиятӣ қабул карда шудаанд.
Амалӣ гардидани онҳо барои рушду нумӯ ва пешрафти минбаъдаи ҳаёти ҷомеа мусоидат мекунад. Дар ин бора аз дафтари матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста