Душанбе. 27-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Роҳбари дастгоҳи Комисссияи марказии интихобот ва райъпурсии ҶТ Муҳибулло Додоҷонов дар мусоҳиба бо хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор дошт, ки бӯҳрони молӣ ба баргузории интихоботи парлумонии қарибулвуқӯъ дар Тоҷикистон таъсири манфӣ мерасонад.
М.Додоҷонов мегӯяд, то интихоботи парлумонии навбатӣ ҳамагӣ 9 моҳ мӯҳлат боқӣ мондааст, вале то ҳанӯз марҳилаи фаъоли омодагӣ ба он шурӯъ нагардида ва иллати аслӣ дар он аст, ки маблағгузорӣ ба корҳои омодагӣ нокофӣ аст. «Соли 2004 вазъ тамоман дигар буд ва қонун дар бораи интихобот миёни ҷомеа муҳокима гардида, қабул шуда буд, вале феълан парлумони ҷумҳурӣ акнун ба баррасии лоиҳаи қонуни нав шурӯъ кардааст ва он нимаи моҳи май тасдиқ хоҳад шуд», - гуфт ӯ.
Роҳбари дастгоҳи комисиияи марказии интихобот афзуд, дар муқоиса бо маъракаҳои интихотии солҳои пешин созмонҳои байнулмилалӣ ва аҳзоби сиёсӣ низ он қадр фаъол нестанд ва иллати ҳамаи инро ба бӯҳрони молӣ ва вазъи молиявии онҳо марбут медонад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста