Душанбе. 31-уми март. ОИ «Азия-Плюс» - Дирӯз дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ дар шаҳри Душанбе ҷаласаи кории шаҳрдорӣ баргузор гардид.
Чӣ тавре ки сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, дар ҷаласа тибқи дастурҳои қаблӣ аз ҷониби Раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев таваҷҷӯҳи тамоми сохторҳои шаҳрӣ ва фаъолони пойтахт ба он нигаронида шуд,
ки бо таҳияи барномаҳои мушаххаси соҳавию ихтисосӣ ба маъракаи оғозгардидаи 900-рӯзи ободонӣ иштироки васеъ зери масъулияти шахсии ҳар
як роҳбари субъекти хоҷагидорӣ ва сокини пойтахт таъмин карда шавад ва нагузоранд, ки маъракаи мазкур характери ҳисоботӣ гирифта, саҳмгузориҳо танҳо дар коғаз ифодаи худро ёбанд.
Бо ин мақсад таъкид дошт, ки баррасии барномаҳо ва ҷараёни татбиқи он аз ҷониби субъекти соҳибташаббус бевосита аз тарафи Раиси шаҳр назорат бурда мешавад.
Бо дахли масоили масрафоти мақсадноки маблағҳои буҷавӣ дар шаҳр ва ноҳияҳои он таъкид намуд, ки назорати молиявиро пурзӯр сохта, пардохтҳои пешбинигардидаи буҷавӣ,
пеш аз ҳама нафақа ва маоши кормандони ташкилоту идораҳои буҷетӣ чун ҳамеша саривақт таъмин карда шавад.
Маҳмадсаид Убайдуллоев зимни баррасии дигар масъалаҳои ҳаёти хоҷагидории пойтахт аз ҳолати хизматрасонии нақлиёти коммуналии мусофиркашонӣ ва
дар қисмати шабона ба талаботи мусофирон ҷавобгӯ ташкил накардани фаъолияти муассисаҳои хизматрасон изҳори нигаронӣ намуда, муовини соҳавии Раиси шаҳри Душанбе А. Шералиев ва директори муассисаи давлатии коммуналии
«Душанбенақлиётхадамотрасон» Р. Ҳомидовро муваззаф сохт, ки оид ба ислоҳи вазъ тадбирҳои воқеӣ андешанд.
Бо инобати ҷараён доштани мавсими боронӣ ва дар ҳолати корӣ нигаҳ доштани
каналҳои селпартои ҳудуди пойтахт Сарраёсати ободонии
шаҳрро вазифадор намуд, ки фаъолияти
мавҷударо дар ҳамбастагӣ бо сохторҳои ноҳиявӣ тақвият бахшад.
Ба хотири қонеъ гардонидани талаботи сокинон оид ба ташкили шароити манзилӣ ба Раёсати сохтмони асосии шаҳри Душанбе якҷоя бо Кумитаи заминсозӣ ва Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дастур фармуд, ки ҷиҳати идома додани азхудкунии қитъаҳои замини иловагии маҳаллаи «Ховарон»
ва тибқи тартиби ҷойдошта барои бунёди манзилҳои индивидуалӣ ба шаҳрвандон вобаста кардани онҳо дар мӯҳлати як моҳ корҳои тадқиқотиву пажӯҳиширо ба анҷом расонанд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста