Душанбе. 13-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта вазири корҳои хориҷии ҶТ Ҳамрохон Зарифӣ, ки бо сафари корӣ дар шаҳри Ашқобод қарор дошт, озими шаҳри Теҳрон гашта, бо вазири корҳои хориҷии Эрон, доктор Манучеҳри Муттақӣ гуфтушунид кард.
Чӣ тавре ки аз департаменти иттилооти Вазорати ВКХ ҶТ ба ОИ «Азия-Плюс» хабар доданд, дар вохӯрӣ масоили дурнамои ҳамкориҳои дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифта, ҷонибҳо ба масъалаи анҷоми пурраи сохтмони нақби «Истиқлол», суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар нерӯгоҳи «Сангтӯда-2», таҳияи заминаи фанниву техникии сохтмони роҳи оҳани Шерхон-Бандар – Мазори Шариф – Ҳирот – Машҳад ва ҷудо кардани қарз ба Тоҷикистон таваҷҷӯҳи хос зоҳир сохтанд
«Зимни гуфтушунид атрофи масоили густариши ҳамкориҳои иқтисодиву тиҷоратӣ ва дигар масоили мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн табодули афкор сурат гирифт», - афзуд манбаъ.
Нимаи дуввуми рӯз Ҳамрохон Зарифӣ ба ватан баргашт.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста