Душанбе. 15-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз зимни ироаи Паёми солона ба парлумони ҷумҳурӣ президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати пешгирӣ ва рафъи оқибатҳои бӯҳрони молӣ як қатор тадбир пешниҳод сохт.
Ба сифати чораи зиддибӯҳронӣ ва баҳри дастгирии сохибкории хурду миёна дар ҷумҳурӣ, Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумат супориш дод, ки ҳаҷми андоз аз арзиши изофа аз 20 то 18 дарсад ва андоз аз даромад аз 25 то 15 дарсад камтар карда шавад.
Зикр гардид, ки барои бартараф сохтани монеъаҳои маъмурӣ мебояд заминаи меъёриву ҳуқуқии мувофиқ таҳия кард.
Ғайр аз ин, барои дастгирии низоми бонкии кишвар ба Бонки Миллии Тоҷикистон тавсия дода шудааст, ки фоизҳои пешниҳоди қарзро аз 12 то 10 дарсад кам кунад. Сарвари давлат изҳор дошт, ки ҳукумат ва парлумони ҷумҳуриро зарур аст, асноди ҳуқуқӣ ҷиҳати ҳамроҳшавии Тоҷикистон ба риояи меъёрҳои байнулмилалии ҳифзи ҳуқуқи истеъмолгаронро таҳия созанд. «Намояндагони парлумон бояд ба Қонунҳои амалкунандаи ҶТ «Дар бораи муфлисшавӣ», Дар бораи бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ ва воқеӣ», «Дар бораи ҷамъиятҳои саҳҳомӣ» тағйироту иловаҳо ворид созанд», - гуфт ӯ.
Сарвари давлат ҳамчунин тақозо намуд, ки ҳаҷми хароҷоти воситаҳои буҷаи давлатӣ барои сафарҳои кории мансабдорон ба андозаи 80 дарсад камтар карда шуда, ҳамчунин аз масрафи
зиёди маблағ дар баргузории чорабиниҳои гуногун дар минтақаҳо худдорӣ карда шавад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста