Душанбе. 22-юми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде қабл раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев оид ба риояи талаботи муосири сабзгрдонӣ ва ободонии пойтахт дар мавсими тобистону тирамоҳ қарор ба имзо расонид.
Чӣ тавре ки сухангӯи раиси пойтахт Шавкат Саидов ба ОИ «Азия-Плюс» хабар дод, тибқи қарор, сарраёсати ободонӣ ва раёсати ҳифзи муҳити зисти мақомоти шаҳрдорӣ вазифадор карда шуданд, ки дар ҳамдастӣ бо олимони пажӯҳишгоҳи ботаникаи Академияи улуми ҶТ таҷрибаи фаъолияти сохтори мазкурро дар Фаронсаву Ҳолланд омӯхта, онро дар шаҳри Душанбе мавриди истифода қарор диҳанд. «Раиси пойтахт ҷиҳати харидории гулҳо аз ҳисоби буҷаи шаҳр аз ин кишварҳо ва парвариши онҳо дар кӯчаву хиёбонҳои шаҳр ба мақомоти дахлдор супориш дод», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Ш.Саидов, иттиҳодияи озмоишиву истеҳсолии «Лесзелхоз» ва муассисаи илмиву истеҳсолии «Гулпарвар» ӯҳадор гардиданд, ки нисбат ба мутобиқати гулҳо ба иқлими Тоҷикистон чораҷӯӣ намоянд. «Ба муассисаи давлатии «Рекломи берунӣ ва ороиши шаҳри Душанбе» супориш дода шуд, ки дар фаъолияти худ тарзҳои кори дастгоҳҳои истеҳсоли Фаронсаву Ҳолландро дар ин самт мавриди истифода қарор диҳанд», - афзуд Ш.Саидов.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста