Душанбе. 22-юми апрел - Ма ҷ лиси намояндагони То ҷ икистон аризаи Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар мавриди истеъфоро пазируфт.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода дар ҳафтаи гузашта бо пешниҳоди як ариза ба порлумон навишта буд, ки мехоҳад, аз ваколаташ дар Ма ҷ лиси намояндагон даст кашад.

Оқои Ҳимматзода тасмими қатъи ваколати худ дар порлумонро вокуниш ба иқдомоти раиси Ма ҷ лиси намояндагон хонда буд, ки ҳама имтиёзоти вакилии ӯ ро лағв кардааст.

Муҳаммадшариф Ҳимматзода, вакили ҲНИТ дар порлумони То ҷ икистон дар нахустин ан ҷ умани баъди даргузашти муассиси ин ҳизб Саид Абдуллоҳи Нур ӣ дар соли 2006 ба мақоми пешвои маънавии ин ҳизб баргузида шуд. То замони ҷ ангҳои дохил ӣ ӯ раёсати ин ҳизбро бар ӯ ҳда дошт. Баъди имзои Созишномаи сулҳи мухолифин бо ҳукумат ӯ чанд муддат сафир оид ба супоришҳои махсуси давлати То ҷ икистон буд. Дар интихоботи соли 2000 ва 2005-уми Ма ҷ лиси намояндагон аз феҳристи ҳизб ӣ вориди порлумон шудааст. Аммо аз соли 2005 ба сабаби бемор ӣ наметавонист дар ҷ аласоти Ма ҷ лиси намояндагон ба таври мустақим ҳузур дошта бошад.

Ҳамакнун, мувофиқи феҳраси интихоботии ҲНИТ Муҳаммадал ӣ Ҳайит, муовини раиси Ҳизби наҳзати исломии То ҷ икистон ҳақ дорад, ки дар порлумон Муҳаммадшариф Ҳимматзодаро иваз кунад. Дар ин бора радиои Озодӣ хабар медиҳад.