Душанбе. 29-уми апрел. ОИ «Азия-Плюс» - Зимни суханронии худ дар мулоқоти сарони кишварҳои узви Бунёди байнулмилалии наҷоти баҳри Арал дар шаҳри Алмаато президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон изҳор дошт, ки сабаби хушкшавии баҳри Арал - истифодаи аз ҳад зиёди об дар обёрии заминҳои корами кишварҳои поёноб аст.
Миёни сарони давлатҳо ҳамчунин оид ба истифодаи захираҳои обию энергетикии минтақа ва зарурати аз ташхиси (экспертиза) - и байналмилалӣ гузарондани лоиҳаҳои гидроэнергетикӣ баҳсу мунозира сурат гирифт.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид изҳор дошт, ки пас ҳамаи обанборҳои бузурги кишварҳои поёноб низ, ки ҳаҷми оби баъзеашон аз баҳри Арал кам нест, бояд аз чунин ташхиси босалоҳияти байналмилалӣ гузаранд.
Аз рӯйи натиҷаи ин мулоқот Изҳороти муштараки сарони давлатҳои муассиси Хазинаи байналмилалии наҷоти Арал интишор гашт. Дар ин бора аз хдамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста