Душанбе. 15-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба роҳбарони вазорату кумитаҳо, ташкилоту идораҳои ҷумҳуриявӣ, роҳбарони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ВМКБ, вилоятҳо ва шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ барқияи махсуси телефонӣ равона намуд, ки дар он омадааст:
«Бо мақсади пешгирии худнамоӣ ва аз байн бурдани каҷфаҳмиҳо дар байни мардум дастур медиҳам, ки портретҳо ва қолинҳо, ки дар онҳо раисони шаҳру ноҳияҳо дар якҷоягӣ бо Президенти мамлакат аксбардорӣ шудаанд, аз утоқҳои корӣ, ҷойҳои ҷамъиятӣ ва канори роҳҳои мошингард гирифта шаванд.
Ҳамчунин лавҳаю овезаҳои сипосгузорӣ ба раисони шаҳру ноҳияҳо ва дигар
роҳбарон, ки
дар ёдгориҳои таърихӣ, мақбара ва мазорҳо гузошта шудаанд, гирифта шаванд.
Минбаъд дар кадом шакл гузоштани аксҳои Роҳбари давлат дар ҷойҳои ҷамъиятӣ дар мувофиқа бо Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирад».
Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста