Душанбе. 18-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон Муовини раиси Ҷумҳурии Исломии Эрон,
Раиси Созмони миллии ҷавонони ин кишвар Ҳоҷӣ Алии Акбариро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили вобаста ба ҳамкории гуногунҷанбаи Тоҷикистону Эрон баррасӣ шуд.
Сарвари давлат изҳори боварӣ намуд, ки ташрифи Ҳоҷӣ Алии Акбарӣ ба Тоҷикистон ба раванди ҷустуҷӯ ва дарёфти ҷанбаҳои нави ҳамкории мутақобилан судманди ду кишвари бародар такон мебахшад ва таъкид намуд: «мо ин равандро амри зарурӣ мешуморем, зеро Эрон табиатан шарики стратегии Тоҷикистон ба шумор меравад».
Ҷонибҳо аз рафти шарикии стратегии ду кишвар дар соҳаи нақбсозӣ ва бунёди нерӯгоҳи обии Сангтӯда - иҳори қаноатмандӣ карда, ҳамзамон арзи боварӣ ба он карданд, ки ҳамкорӣ дар соҳаҳои илму маориф, фарҳанг, иттилоот, соҳибкорӣ, тандурустӣ, варзиш, сайёҳӣ ва дар дигар самтҳои дорои имкону захираҳои фаровон низ таҳкиму густариш меёбанд.
Зимни сӯҳбат зарурати таҳия ва татбиқи барномаи яксола ё худ сесолаи ҳамкории мақомоти марбутаи соҳаи ҷавонони Тоҷикистону Эрон мувофиқи мақсад арзёбӣ гардид.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба дигар мавзӯъҳои мавриди таваҷҷӯҳ гуфтугӯ сурат гирифт. Дар ин бора з хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста