Душанбе. 26-уми май. ОИ «Азия-Плюс» - Чанде пештар таҳти раёсати раиси шаҳри Душанбе ҷаласаи кории мақомоти шаҳрдории пойтахт баргузор гардида, дар он масоили омодагӣ ба маъракаи барӯйхатгирии аҳолӣ дар соли 2010, суръат бахшидан ба корҳои сохтмонӣ дар иншшоти мактаби рақами 47 барои 624 ҷойи нишаст дар маҳаллаи Лучоб, маҷмааи 9-ошёнаи хонаи истиқоматӣ дар хиёбони Ҳофизи Шерозӣ, маркази замонавии хизматгузорӣ дар пойтахт, таъмини сокинони маҳаллаи Буни Ҳисорак бо манзили зист дар хонаи истиқоматии 9-ошёнаи хиёбони саъдии Шерозӣ ва дигар масоили хоҷагидории шаҳр мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.
Ба гуфтаи сухангӯи раиси шаҳри Душанбе Шавкат Саидов, барои хунукназарӣ зоҳир сохтан дар иҷрои вазифа ба муовини раиси шаҳри Душанбе С.Раҳимова, сардори раёсати маорифи шаҳр Ш.Исломов, раиси кумитаи омори мақомоти шаҳрдории пойтахт А.Насриддинов ва мудири шӯъбаи умумӣ ва хадамоти ташрифоти раиси шаҳр А.Шарипов танбеҳ эълон гардида, роҳбари раёсати заминсозии пойтахт А.Отабеков аз мансаб сабукдӯш карда шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста