Душанбе. 23-юми июн. ОИ «Азия-Плюс» - Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон бо сафари панҷрӯза озими вилояти Суғд шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, дар ҷараёни сафар сарвари давлат бо вазъи иқтисодиву иҷтимоии минтақа аз наздик ошно гардида, дар чорабиниҳои идонаи ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ ширкат хоҳад варзид.
Сарвари давлат ва меҳмонони олиқадр аз шаҳру навоҳии вилояти Суғд боздид намуда, дар маросими ифтитоҳи иншооти ҷашнӣ иштирок мекунанд. Худи ҳамин рӯз Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи маркази барқарорсозии бемориҳои дилу раг дар шаҳри Хуҷанд ширкат хоҳад варзид.
Бино ба иттилои сарчашма, президенти Тоҷикистон ҳамчунин дар маросими ифтитоҳи ҶДММ «Ширкати кӯҳкории Тоҷикистону Чин» дар шаҳраки Олтин Топкан (Қайроққум), майдони варзишӣ барои 25 ҳазор ҷойи нишаст ва манзили истиқоматӣ дар шаҳри Хуҷанд, чойхонаи миллӣ дар ноҳияи Бобоҷон Ғафуров, литсейи президентӣ дар шаҳри Чкаловск, корхонаи ресандагӣ дар ҶДММ «Нику Хуҷанд», маркази хизматгузории маишии «Файз» ва ҶСК «Суғдагросервис» дар ноҳияи Спитамен, мактаби таҳсилоти умумӣ дар ноҳияи Ғончӣ низ иштирок карда, бо ҷараёни сохтмони хати баландшиддати барқи «Ҷануб-Шимол» аз наздик шинос мешавад. Ба ҷуз иншооти номбаршуда, дар қаламрави шаҳру навоҳии вилояти Суғд боз 150 иншооти таъиноти фарҳангиву иҷтимоӣ, нуқтаҳои фурӯш ва марказҳои хизматрасонӣ мавриди истифода қарор хоҳанд гирифт.
Ёдрас мекунем, ки соли равон чорабиниҳои асосии ҷумҳуриявӣ бахшида ба ҷашни Рӯзи ваҳдати миллӣ дар вилояти Суғд баргузор мешаванд.
Сафари сарвари давлат ба вилояти Суғд то 28-уми июн идома меёбад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста