Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия дар сатҳи олӣ миёни кишварҳо се санади ҳамкорӣ ба имзо расид. Ҳамин тариқ, сарони ду кишвар - Эмомалӣ Раҳмон ва Валдис Залтерс изҳороти муштарак дар бораи рушди муносиботи дӯстона ва ҳамкории минбаъдаро ба имзо расониданд.
Ғайр аз ин, созишномаи байниҳукуматӣ дар бораи ҳамкорӣ дар бахши иқтисод, саноат, илму фановарӣ миёни давлатҳоро вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ Ғулом Бобозода ва вазири иқтисоди Латвия Артис Кампарс ба тасвиб расониданд.
Ҷонибҳо инчунин шартномаи байниҳукуматӣ дар бораи алоқаи байнулмилалии нақлиётиро низ ба имзо расониданд. Дар зери санад вазири нақлиёт ва коммуникатсияи ҶТ Абдураҳими Ашӯр ва вазири мухобироти Латвия Каспарс Герхардс имзо гузоштанд.
Пас аз маросими имзои аснод президенти Тоҷикистон ба ҳамтои латвиягии худ Ордени Исмоили Сомонӣ, дараҷаи саввумро тақдим намуд. Дар навбати худ, Валдис Залтерс ба сарвари давлати Тоҷикистон унвони олии кишвари худ – Ордени се ситораро супурд.
Ёдрас мекунем, ки субҳи имрӯз президенти Латвия Валдис Залтерс бо сафари расмии серӯза ба Тоҷикистон ташриф овард. Пагоҳ президенти Латвия аз вилояти Суғд боздид намуда, рӯзи душанбе бо фаъолияти КВД «Талко» аз наздик ошно хоҳад шуд. Сафари сарвари давлати Латвия ба Тоҷикистон рӯзи 14-уми июл анҷом мепазирад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста