Душанбе. 11-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Имрӯз дар изҳороти худ ба васоити ахбори умум аз рӯи натиҷаҳои гуфтушуниди ҳайатҳои Тоҷикистону Латвия президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон гуфт, КВД «Ширкати алюминии тоҷик» метавонад барои воридоти гилхок ва содироти алюминий аз бандарҳои баҳрии Латвия истифода кунад. Ӯ ба рӯзноманигорон изҳор дошт, ки ба КВД «Талко» супориш дода шуд, то ки дар бандари баҳрии Рига терминали боркашонӣ бунёд созад.
Сарвари давлати Тоҷикистон ҳамчунин таъкид сохт, ки ояндаи наздик дар Тоҷикистон шӯъбаи яке аз бонкҳои тиҷоратии Латвия боз мегардад. «Хатсайри ҳавоии чанде қабл бозшуда миёни Душанбеву Рига барои Тоҷикистон стратегӣ буда, аз ҷиҳати масофа роҳи наздиктарин ба кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо маҳсуб мегардад», - афзуд Эмомалӣ Раҳмон.
Маълумотнома:
Дар зарфи панҷ моҳи соли ҷорӣ муомилоти мол миёни Тоҷикистону Латвия 12 млн. 849,3 ҳазор доллари ИМА-ро ташкил дод, ки дар муқоиса бо ҳамин давраи соли гузашта 16,8 дарсад камтар аст. Тоҷикистон ба Латвия ба маблағи 2 млн. 966,7 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот содирот карда, аз Латвия ба ҷумҳурӣ ба маблағи умумии 9 млн. 882,6 ҳазор сомонӣ молу маҳсулот ворид гардидааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста