Душанбе. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Рӯзи шанбеи ҳафтаи гузашта вохӯрии раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Маҳмадсаид Убайдуллоев бо президенти Латвия Валдис Затлерс доир гардид. Таври маълум сарвари давлати Латвия бо сафари расмӣ дар кишвари мо қарор дорад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси ММ МО ҶТ Шавкат Саидов иттилоъ дод, дар ҷараёни мулоқот масоили роҳандозии ҳамкориҳои байнипарлумонии Тоҷикистону Латвия дар кори наздиксозии фаъолияти қонунгузорӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтаанд. «Зимни мулоқот таъкид гардид, ки айни замон ҳамкории парлумонии кишварҳо асосан дар чаҳорчӯбаи Ассамблеяи байнипарлумонии САҲА ва парлумони Аврупо ба роҳ монда шуда, изҳори умедворӣ карда шуд, ки пас аз сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон робитаҳои мустақими байнипарлумонии кишварҳо густариш хоҳанд ёфт», - гуфт Ш.Саидов.
Др ҳамин ҳол, сафари расмии президенти Латвия ба Тоҷикистон идома дошта, чанде пештар Валдис Затлерс аз вилояти Суғд боздид намуд ва имрӯз бо фаъолияти Корхонаи воҳиди давлатии «Ширкати алюминии тоҷик» (Талко) аз наздик ошно хоҳад гардид.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста