Кӯлоб. 13-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Мақомоти шаҳрдории Кӯлоб қитъаи замини касонеро, ки дар мӯҳлати ваъдашуда сохтмони иншоотро ба охир нарасониданд, бозпас мегирад.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» сармеъмори шаҳр Озодӣ Ҳасанов иттилоъ дод, ба 11 нафар соҳибони чунин қитъаҳои замин огоҳинома дода шуда, аллакай яке аз чунин қарорҳо бекор карда шудааст. «Соҳибкор Мираҳмад Пириев, ки ваъда дода буд, дар яке микрорайонҳои шаҳр маркази тиҷоратӣ бунёд месозад, аз қитъаи замини ҷудогардида маҳрум гардида, он ба нафари дигар дода мешавад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи сармеъмор, шурӯъ аз соли 2008 мақомоти шаҳрдорӣ барои сохтмони 89 иншоот қитъаи замин ҷудо кардааст. «То имрӯз 5 иншоот пеш аз мӯҳлат мавриди истифода қарор гирифта, дар 11-тои он корҳо мутаваққиф шудаанд ва 18 иншоот бидуни хулосаи комиссияи давлатӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтанд», - афзуд О.Ҳасанов.
Номбурда ҳамчунин изҳор дошт, ки айни замон интизор меравад



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста