Душанбе. 20-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Дар шаҳри Маскав Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин бо намояндагони доимии вазорату идораҳо ва дигар мақомоти ҳокимияти давлатии Тоҷикистон, ки дар Федератсияи Русия ва созмонҳои минтақавии қаламрави собиқ Иттиҳоди Шӯравӣ фаъолият мекунанд, машварати корӣ доир намуд.
Дар машварат масоили вобаста ба иҷрои натиҷаҳои мулоқоти Президенти мамлакат бо тоҷикону ҳамватанони муқими Русия, ки чанде пеш дар шаҳри Екатеринбург сурат гирифта буд ва масъалаи пуштибонии шоиста аз манфиатҳои миллии Тоҷикистон дар ин кишвари паҳновар баррасӣ шуд.
Таъкид гардид, ки намояндагони ваколатдори Тоҷикистон аз мушкилоту эҳтиёҷоти шаҳрвандони давлати худ, ки дар Русия кору зиндагӣ мекунанд, бояд пайваста огоҳ бошанд ва
баҳри ҳифзи ҳуқуқу манфиатҳои онҳо тадбирҳои саривақтӣ андешанд.
Эмомалӣ Раҳмон ба онҳо оид ба иҷрои содиқона ва бо масъулияти вазифаҳои давлатию шаҳрвандиашон дастуру ҳидоятҳои мушаххас дод. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти сарвари давлати Тоҷикистон иттилоъ доданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста