Душанбе. 29-уми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Шоми дирӯз президенти Покистон Осиф Алӣ Зардорӣ бо сафари расмии серӯза вориди Тоҷикистон шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» роҳбари департаменти иттилооти ВКХ ҶТ Давлат Назриев иттилоъ дод, маросими қабули расмии меҳмони олиқадр субҳи имрӯз баргузор мешавад. «Дар нимаи аввали рӯз нахуст мулоқоти як ба яки сарони кишварҳои Тоҷикистону Покистон - Эмомалӣ Раҳмон ва Осиф Алӣ Зардорӣ ва сипас ҳайатҳои васеъи ҷонибҳо доир мегардад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи Д.Назриев, дар давоми рӯз Осиф Алӣ Зардорӣ бо раиси палатаи болоии паруломони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев ва нахуствазири ҷумҳурӣ Оқил Оқилов дидору гуфтушунид хоҳад кард.
Д.Назриев афзуд, нимаи аввали рӯзи 30-юми июл вохӯрии сеҷонибаи сарони кишварҳои Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон доир гардида, дар нимаи дуввуми рӯз ба мулоқот президенти Русия низ ҳамроҳ хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста