Душанбе. 30-юми июл. ОИ «Азия-Плюс» - Президенти Русия Дмитрий Медведев бо сафари дурӯзаи корӣ вориди пойтахти Тоҷикистон шуд.
Чӣ тавре ки ба ОИ «Азия-Плюс» аз ВКХ ҶТ иттилоъ доданд, гуфтушуниди чаҳорҷонибаи сарони кишварҳои Афғонистон, Покистон, Русия ва Тоҷикистон пас аз як соат шурӯъ мешавад.
Бино ба иттилои манбаъ, шоми имрӯз мулоқоти хоссаи сарони кишварҳои Тоҷикистону Русия Эмомалӣ Раҳмон ва Дмитрий Медвелев баргузор мешавад. «Пагоҳ Э.Раҳмон ва Д.Медеведев дар маросими ба истифода додани нерӯгоҳи «Сангтӯда-1» ширкат хоҳанд варзид», - гуфт манбаъ.
Зикр гардид, ки сипас тибқи барномаи сафар, сарони кишварҳо дар Норак аз иншооти низомии назорати кайҳонии «Окно» боздид намуда, шоми 31-уми июл президенти Русия ҷиҳати иштирок дар нишасти ғайрирасмии СААД озими шаҳри Бишкек хоҳад шуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста