Душанбе. 1-уми июн. «Азия-Плюс» — | Дар Тоҷикистон мақомоти олии давлатӣ дар соҳаи назорати молиявӣ таъсис дода мешавад.
Имрӯз вакилони палати поёнии парлумони кишвар Қонуни ҶТ «Дар бораи Палатаи ҳисоб»-ро якдилона маъқул шумориданд. Зимни суханронӣ дар назди вакилон дар робита ба ин масъала муовини вазири молияи ҷумҳурӣ Ҷамшед Норинов изҳор дошт, ки пас аз мавриди амал қарор гирифтани қонуни мазкур, дар Тоҷикистон мақомоти нави ҳокимиятӣ таъсис дода хоҳад шуд, ки аз болои қисмати даромаду хароҷоти буҷаи давлатӣ, воситаҳои ғайрибуҷавӣ ва ҳамчунин маблағҳои аз хориҷи кишвар ба иқтисоди миллӣ сармоягузоришуда назорат хоҳад бурд.
«Ҳадафи аслии таъсиси Палатаи ҳисоб пурзӯр кардани назорат аз болои бахши молия ва ҳамчунин баргузории аудиту баҳодиҳии буҷаи давлатии ҷумҳурӣ аст», - гуфт ӯ.
Зимни посух ба суоли раиси палатаи поёнии парлумон Шукурҷон Зуҳуров бобати имкони такрори вазифаҳои Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия аз ҷониби Палатаи мазкур, муовини вазири молия зикр кард, ки пас аз таъсиси Палатаи ҳисоб чанде аз ваколатҳои Агентии зиддифасод ба дӯши мақомоти нав вогузор хоҳад шуд.
Ҳамчунин раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала изҳор дошт, ки Палати ҳисоб дар назди сарвари давлат ва парлумони кишвар ҳисоботдеҳ хоҳад буд. «Сараудиторони Палатаи ҳисоб бо пешниҳоди президент аз ҷониби палатаи поёнии парлумони кишвар ба муддати ҳафт сол таъин карда мешаванд ва як нафар ба таъин шудан ба вазифаи сараудитор ба муддати зиёда аз ду мӯҳлат ҳуқуқ надорад», - афзуд Шукурҷон Зуҳуров.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста