Душанбе. 7-уми июн. «Азия-Плюс» — Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев гурӯҳи парламентии Сенати Ҷумҳурии Чехияро таҳти роҳбарии муовини якуми Раиси Сенати Парламенти Ҷумҳурии Чехия ҷаноби Пржемисл Соботка, ки бо сафари корӣ ба Тоҷикистон ташиф овардаанд ва сафири фавқулодда ва мухтори Ҷумҳурии Чехия дар Тоҷикистон ҷаноби Робет Копетскиро бо хоҳиши онҳо ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба робита бо воситаҳои ахбори омма ва созмонҳои ғайридавлатӣ Шавкат Саидов хабар дод, дар ҷараёни мулоқот Маҳмадсаид Убайдуллоев ҷаноби Пржемисл Соботка ва ҳайати ҳамроҳонашро самимона шодбош намуда, таъкид ва изҳори боварӣ кард, ки сафари мазкур дар таҳким ва рушди муносибатҳои байнипарламентӣ миёни Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сенати Ҷумҳурии Чехия самараи нек хоҳад дод. Ҳамзамон, ӯ афзуд, ки итминон аст баҳри расидагӣ ва фарогирии холигии ҳамкориҳо робитаву муносибатҳои байнипарламентӣ нек ба роҳ монда шуда, потенсиали парламентарҳои кишварҳо беш аз ҳарвақта барои ташкили фазо ва заминаи мусоиди ҳуқуқӣ мавриди истифода қарор мегиранд.
Дар навбати худ ҷаноби Пржемисл Соботка аз пазироӣ ва мӯҳтавои мулоқоти анҷомгирифта изҳори сипос намуда, афзуд, ки бо истифода аз ваколатҳои ба зиммадоштааш ҷиҳати таҳкиму тақвияти ҳамкориҳои доманфарохи иқтисодию тиҷоратӣ, гуманитарӣ ва густариши муносибатҳои байнипарламентии ду ҷониб ва тавассути он мусоидат намудан ба густурдагии муносибати Маҷлиси миллӣ бо Сенати Ҷумҳурии Чехия тадбирҳои судмандро анҷом диҳад.
Тибқи иттилои манбаъ, дар ин зимн фазои ҳуқуқӣ ва шароитҳои мусоиду боэътимоди фароҳамовардаи Ҷумҳурии Тоҷикистонро оид ба ҳимоя ва ҷалби инвеститсияи хориҷӣ нек арзёбӣ намуда, таъкид бар он сохт, ки ояндаи наздик кушода шудани хати ҳавоӣ миёни кишварҳо барои ба сатҳи баланд расидани ҳамкорию робитаҳои гуногунҷабҳа нақши муассир хоҳад гузошт.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста