Қӯрғонтеппа. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Раиси вилояти Хатлон ба муносибати ҷашни Рӯзи маъюбон ва пиронсолон ба 30 нафар маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа тӯҳфаҳо тақдим кард.
Дар маросими супурдани тӯҳфаҳо Ғайбулло Афзалов аз ҷумла зикр намуд, ки мақомоти раҳбарии ҳокимияти давлатии вилоят баҳри дастгирии маъюбону пиронсолон ва оилаҳои камбизаот аз тамоми имконоти мавҷуда пурсамар истифода хоҳад кард. Ӯ аз дигарон низ даъват ба амал овард, ки ба ин иқдоми хайрхоҳона ҳамроҳ шаванд, то ки афроди дорои имконияти маҳдуд худро бо мушкилоташон яккаву танҳо ҳис накунанд.
Ба қавли раиси ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа Абдусамад Бобоҷонов, мақомоти раҳбарии вилоят ва шаҳри Қӯрғонтеппа кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки аз мушкилоти маъюбон худро канор нагиранд. «Бо дастгирии шахсии раиси вилоят Ғайбулло Афзалов мо дар остонаи ҷашни иди Наврӯз тӯи хонадоршавии ду нафар маъбонро барпо кардем», - гуфт ӯ.
Бино ба маълумоти расмӣ, дар ҷамъияти маъюбони шаҳри Қӯрғонтеппа 570 нафар маъюбон ба қайд гирифта шудаанд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста