Душанбе. 8-уми июл. «Азия-Плюс» — | Вазири кишоварзии Тоҷикистон Қосим Қосимов аз ноҳияи Ёвони вилояти Хталон боздид кард.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори хадамоти матбуоти Вазорати кишоварзии ҷумҳурӣ Нарзуллло Дадабоев хабар дод, сафари вазир дар чаҳорчӯби таҷлили ҷашни 20-умин солгарди истиқлоли Тоҷикистон сурат гирифт.
Ба қавли Дадабоев, Қосим Қосимов бо фаъолияти корхонаи «Криолит»-и ноҳияи Ёвон аз наздик ошно гардида, ҳамчуни бо вазъи толори варзишӣ ва коргоҳи дӯзандагӣ дар ҷамоати «Норин шинос шуд. «Зимни шиносоӣ бо ҷараёни иҷрои корҳои сохтмонӣ дар иншооти ҷашнӣ, вазири кишоварзӣ дастур дод, ки баҳри саривақт ва хушсифат ба анҷом расидани онҳо тамоми кӯшиш ба харҷ дода шавад», - гуфт сардори хадамоти матбуоти вазорат.
Ба гуфтаи сарчашма, дар ҷараёни сафар Қ.Қосимов ҳамчунин бо рафти ҷамъоварии ҳосили ғалладона ва кишти такрорӣ дар ҷамоатҳои «Норнин», «Гулсара Юсуфова» ва «Чоргул» низ аз наздик ошно гардида, баҳри беҳбуд бахшидан ба иҷрои корҳои агротехникӣ ва ба даст овардани ҳосилнокии балан дастуру тавсияҳои мушаххас додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста