Душанбе. 3-юми авгуси. «Азия-Плюс» — | Президенти Тоҷикистон Эмоамлӣ Раҳмон рӯзи 2-юми августи соли равон Қонуни ҶТ «Дар бора масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд»,-ро ба имзо расонид, ки ҳадафи он таҳкими масъулияти волидайн дар таълиму тарбияи фарзандон дар рӯҳияи инсондӯстӣ ва ватанпарварӣ нисбат ба арзишҳои умумиинсониву фарҳангӣ ва дифоъ аз ҳуқуқу манфиати кӯдакон аст.
Тавре ба Ои «Азия-Плюс» як манбаъ аз ҳукумати ҷумҳурӣ иттилоъ дод, президенти Тоҷикистон қонунҳо «Дар бораи иттифоқҳои касаба» ва «Дар бораи рӯзҳои ид»-ро, ки қаблан маъқул ва қабул шуда буданд, низ ба имзо расонид.
Қонуни ҶТ «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбия фарзанд» миёни нерӯҳои сиёсӣ ва аҳли ҷомеаи Тоҷикистон вокунишҳои гуногунро ба бор овард. Масалан Шӯрои сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон аз он изҳори нигаронӣ кард, ки қонуни мазкур ба бандҳои зиёди Контститутсияи кишвар, меъёрҳои байнулмилалии қонунгузории аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мухолифат дошта, ҳуқуқ ва озодиҳои шаҳрандонро поймол мекунад. Нигаронии шадиди Ҳзби наҳзати исломии Тоҷикстон аз ин қонун дар он ифода меёбад, ки мутобиқи қонуни мазкур, ба масҷид ва муассисаҳои динӣ рафтани ҷавонони то сини 18-соларо манъ месозад.
Ба ақидаи раиси Ҳизби сотсиал-демократии Тоҷикистон Раҳматилло Зойиров, қонуни мазкур аз нигоҳи илми ҳуқуқшиносӣ бидуни риояи техникаи таҳияи лоиҳаи қонун омода гардидааст. «Лоиҳаи қонуни мазкур на танҳо такрори меъёрҳои Конститутсияи кишвар, Кодекси оилаи ҶТ аст, балки чанде аз ин меъёрҳоро риоя намекунад», - гуфт ӯ.
Дар ҳамин ҳол, риси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов аз қабули ин қонун пуштибонӣ менамояд, зеро ба ақидаи ӯ, дар ҷомеаи Тоҷикистон рӯз то рӯз фишори рӯҳониён ба насли наврас ба мушоҳида мерасад.
«Ҳатто дар кишварҳои исломӣ толибилм барои намоз дарсро гузошта ба масҷид намеравад. Дар ҷомеаи мо бошад, ҳаттто толилбилмони макотиби таҳсилоти умумӣ дарсро партофта, ба масҷид шитоб мекунанд. Ба ин ҳодисаҳо вокуниши ҳатмии давлт зарур аст», - гуфт Ш.Шабдолов.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста