Душанбе. 9-уми август. «Азия-Плюс» — | Дар ҷараёни сафар ба шаҳру навоҳии вилояти Хатлон президенти Тоҷикистон аз корхонаи муштараки парандапарварии Тоҷикистону Эрон боздид намуда, ба парандапарварони ноҳия пешниҳод сохт, ки як ошхонаи хусусии тобеъи корхонаро дар маркази ноҳия боз намоянд.
Вале дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» парандапарварон иқрор шуданд, ки мушкилоте мавҷуд аст, ки маъмурияти корхона имкони ҳалли онро надорад, зеро то ҳанӯз корхона бо маблағҳои масрафшудаи ҷонибиЭрон фаъолият дорад. «Ҳатто мусоидати нахуствазири ҷумҳурӣ кӯмак накард, зеро то ҳол бонкдорон ба мо қарз намедиҳанд», - гуфтанд онҳо.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ба ҳукумати ҷумҳурӣ супориш дод, ки барои рушди корхонаи парандапарварии ноҳияи Мӯъминобод 3 млн. сомонӣ маблағ ҷудо намоянд.
Дар ҳамин ҳол, дар ноҳияи Мӯъминобод бо иштироки Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон як сардхонаи бузург, ки барои нигоҳдории 1000 тонна гўшт ва меваю сабзавот пешбинӣ шудааст, мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Ғайр аз ин, мутобиқи супоришҳои сарвари давлат муддати ду соли наздик дар ноҳияи Мӯъминобод мушкилоти таъминот бо оби нӯшокӣ ҳал гардида, дар остонаи таҷлили ҷашни Наврӯзи соли 2012 тамоми пойгоҳҳои обкашӣ барқарор мегарданд ва дар муддати ду сол майдони кишти картшка ду баробар меафзояд.
Эмомалӣ Раҳмон ҳамчунин супориш дод, ки аз фонди эҳтиётии худ барои аз таъмир баровардани беморхонаи касалиҳои сил, сохтмони 40 манзили зист барои табибони ноҳия ва таъмиру тармими роҳҳо маблағҳои зарурӣ ҷудо карда шаванд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста