Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон барои шиносоӣ бо вазъи зиндагии мардум ва иштирок дар ифтитоҳ ва оғози сохтмони иншооти сершумори иҷтимоию иқтисодӣ ва фарҳангӣ ба ноҳияҳои Рашту Ҷиргатол рафт.
Тавре аз хадамоти матботи сарвари давлат иттилоъ доданд, бо иштироки президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон маросими расмии ифтитоҳи роҳи мошингарди Душанбе - Рашт - Ҷиргатол - сарҳади Қирғизистон баргузор гардид. Хотиррасон гардид, ки навсозии роҳи мошингарди Душанбе-Рашт-Ҷиргатол-сарҳади Қирғизистон соли 2005 оғоз ёфта, имрӯз ба охир расид. Тавре иттилоъ дода шуд, дарозии он 350 км буда, барои тармиму навсозияш 177 миллион доллари амрикоӣ ё худ 840 миллион сомонӣ маблағ сарф шудааст, ки ин маблағҳо аз ҳисоби бюҷети давлатӣ ва Бонки осиёгии рушд ҷудо карда шуданд.
Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон мужда расонд, ки бо дастгирии молиявии Бонки осиёгии рушд роҳи 20 километраи шаҳраки Ғарм – шаҳраки Навобод бо харҷи қариб 3 миллион доллари амрикоӣ то охири соли оянда тармиму навсозӣ хоҳад шуд. Ҳамчунин иттилоъ дода шуд, ки шоҳроҳи 38 километраи Оби Гарм – Нуробод низ мавриди навсозӣ қарор хоҳад гирифт.
Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон дар назди Филиали Донишгоҳи давлатии омўзгории ба номи Садриддин Айнӣ дар ноҳияи Рашт бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони бинои нави таълимӣ ва бинои толори варзишӣ оғоз бахшид.
Дар маркази ноҳияи Рашт Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарияту фаъолон ва намояндагони сершумори мардуми ноҳия мулоқоти ошкору самимӣ анҷом дод. Ҳамчунин сарвари давлат дар маросими хатнасури беш аз 100 нафар писарчаҳои бесаробон ва оилаҳои камбизоат иштирок карда, ба ҳар яки онҳо тўҳфаҳои хотиравӣ тақдим намуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста