Зимни мулоқоти муовини аввали вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Маҳмудҷон Собиров бо сафири Русия дар Тоҷикистон Юрий Попов дар шаҳри Душанбе аз ҳодисаҳои ахиран зиёд шудани ҳодисаҳои куштори шаҳрвандони тоҷик дар Русия изҳори нигаронӣ карда шуд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз департаменти иттилооти Вазорати корҳои хориҷии ҷумҳурӣ иттилоъ доданд, Собиров ба сафири Русия нигаронии ҷиддии ҷониби Тоҷикистонро дар ин масъала изҳор дошта, илова намудааст, ки қатли бераҳмонаи шаҳрванди 24-солаи тоҷик Ҷонибек Қосимов чанде қабл дар вилояти Маскав вокуниши шадиде дар ҷомеа ба бор овард.
Муовини аввали вазири корҳои хориҷии ҷумҳурӣ аз дипломатии русиягӣ дархост кардааст, ки ба баргузории тафтишоти объективонаи ин қазия мусоидат намуда, ҷониби Тоҷикистонро аз ҷараёни он мудом огаҳ намояд.
«Сафири Русия аз ин қазия изҳори таассуф намуда, ҷониби Тоҷикистонро мӯътақид сохтааст, ки дар ин хусус мақомоти раҳбарии кишвари худро огаҳ хоҳад сохт ва аз тарафи худ тамоми имконоти мавҷуда дар доираи салоҳияти худро истифода хоҳад бурд, то ки ин ҷиноят холисона мавриди тафтиш қарор гирад», - афзуд манбаъ.
Ёдрас мекунем, ки рӯзи 7-уми сентябр дар вилояти Маскав бо аломатҳои марги маҷбурӣ ҷасади шаҳрванди Тоҷикистон, сокини ноҳияи Панҷакент Ҷонибек Қосимов дарёфт шуда буд. Аз рӯйи ин далел дар мақомоти дахлдори маҳалли ҳодиса парвандаи ҷиноӣ боз шудааст. Сафоратхонаи Тоҷикистон дар Русия ҷараёни тафтишоти ин парвандаро таҳти назорат қарор додааст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста