Субҳи имрӯз президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба вилояти Суғд сафар кард.
Ӯ дар ноҳияи Айнӣ дар маросими мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани хатти интиқоли барқи Айнӣ-Хуҷанд 220 кВ ширкат хоҳад варзид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Маркази амалисозии лоиҳаҳои энергетикии Тоҷикистон хабар доданд, татбиқи лоиҳа оид ба бунёди хатти мазкур моҳи октябри соли 2010 шурӯъ гардид. Паймонкори асосии табиқи лоиҳа ширкати «ТВЕА»-и Чин аст. Арзиши умумии лоиҳа, ки пурра ҳукумати Чин маблағгузорӣ намуд, ҳудуди 37 млн. доллари ИМА-ро ташкил медиҳад.
Ба андешаи коршиносон, муҳим будани амалисозии лоиҳа дар он ифода меёбад, ки пас аз мавриди истифода қарор гирифтани он мушкилоти таъминоти водии Зарафшон пурра роҳи ҳалли худро пайдо намуда, дигар шабаакаҳои барқии минтақаи шимоли ҷумҳурӣ ба Ӯзбекистон вобаста нахоҳанд буд.
Бино ба маълумоти як манбаъ аз ширкати «Барқи тоҷик», айни замон қимати 1 кВ/соат нерӯи барқи Ӯзбекистон барои аҳолии водии Зарафшони вилояти Суғд 4,2 сентро ташкил медиҳад.
Ғайр аз ин, имрӯз сарвари давлат дар маросимҳои мавриди истифода қарор гирифтани нерӯгоҳҳои хурди барқии «Марзич» ва «Дашти Искодар», ки дар ноҳияи Айнӣ бунёд гардидаанд, низ ширкат хоҳад варзид.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста