Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон фармон «Дар бораи истифодаи мақсадноки қитъаҳои замини наздиҳавлигӣ»-ро ба имзо расонид.
Дар фармони мазкур аз ҷумла гуфта мешавад, қитъаҳои замине, ки ба шаҳрвандони эҳтиёҷманд ҳамчун қитъаи замини наздиҳавлигӣ дар асоси қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷудо карда шудаанд, мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон танҳо барои сохтмони хонаҳои истиқоматӣ ва иншооти ёрирасон истифода карда шаванд.
«Бастани аҳдҳо оид ба хариду фурўш, тўҳфа ва дигар аҳдҳои гражданӣ марбут ба ҳуқуқи истифодаи қитъаҳои замини ба эҳтиёҷмандони пешбининамудаи банди якуми ҳамин Фармон додашуда бе бунёди хонаҳои истиқоматӣ ё хонаҳои истиқоматии нотамом ва ба қайди давлатӣ гирифтани аҳдҳои зикргардида манъ карда шавад», - омадааст дар фармони сарвари давлат.
Зимнан зикр мегардад, ки дар ҳолати ошкор карда шудани ҳолатҳои бастани ҳама гуна аҳдҳои ғайриқонунӣ бо қитъаи замини наздиҳавлигии ба шаҳрванд ҷудошуда, ҳуқуқи шаҳрванд оид ба истифодаи қитъаи замини мазкур тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон қатъ карда мешавад.
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муваззаф гардидааст, ки дар мўҳлати се моҳ қоидаҳои муайян намудани объектҳои сохтмонашон нотамомро (хонаҳои истиқоматию иншооти ёрирасон), ки метавонанд ба муомилоти гражданӣ бароварда шаванд, таҳия ва тасдиқ намуда, якҷоя бо мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ татбиқи Фармони мазкурро таъмин намояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста