Сарвазири мамлакат Оқил Оқилов ба вилояти Суғд сафари корӣ намуда, ба вазъи соҳаҳои хоҷагии халқи вилоят, рафти омодагӣ ба зимистонгузаронӣ дар муассисаҳои соҳаҳои иҷтимоӣ аз наздик шинос гардид ва бо роҳбарияти вилоят мулоқот доир намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти раиси вилояти Суғд хабар доданд, Оқил Оқилов ва ҳайати кории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз фаъолияти корхонаҳои саноатии вилоят боздид намуда, бо мутахасссисону масъулини соҳа ҷиҳати самаранок истифодабарии захираҳои мавҷуда, таъсиси ҷойҳои нави корӣ дастуру супоришҳо дод.
Ба иттилои манбаъ, сарвазири мамлакат ба корхонаи маъдантозакуниии Адрасмони шаҳри Қайроққум омада, ба вазъи корхонаи мазкур, ки дар коркарди маъданҳои нодир яке аз корхонаҳои калонтарини мамлакат ба ҳисоб меравад, аз аз наздик шинос гардид.
Зикр гардид, ки Оқил Оқиловро дар ин сафар Раиси вилояти Суғд Қоҳир Расулзода, раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Мамадтоир Зокиров, раиси кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ Давлаталӣ Саидов, сардори саридораи геологияи ҷумҳурӣ Азим Иброҳим ва роҳбарони як қатор идораҳои ҷумҳуриявӣ ва вилоятӣ ҳамроҳӣ намуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста