Зимни шарҳи моҳияти ворид сохтани тағийроту иловаҳо ба Қонуни ҶТ «Дар бораи мақоми ҳуқуқии аъзои Маҷлиси миллӣ ва МН МО ҶТ» ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ, вазири молияи Тоҷикистон Сафаралӣ Наҷмиддинов бори нахуст аз ҳаҷми музди меҳнати намояндагони мардумӣ ошкоро ҳарф зад.
Ба гуфтаи вай, аввали соли равон ҳаҷми музди меҳнати вакилони парлумони кишвар 3 ҳазору 300 сомониро ташкил медод, вале бо назардошти афзоиши ҳаҷми маоши кормандони соҳаи буҷавӣ аз 1-уми сентябри соли равон, ҳаҷми он ба 4 ҳазору 950 сомонӣ баробар шуд.
«Дар ҳамин ҳол, аз ин ба баъд имтиёзоти иҷтимоии вакилон қариб ду баробар коҳиш меёбанд. Агар қаблан вакилон пас аз анҷоми ваколат ба гирифтани музди меҳнати вакилӣ ба муддати 6 моҳ то пайдо кардани ҷойи кори дигар ҳуқуқ доштанд, акнун он то ба се моҳ кам гардид», - гуфт ӯ.
Ҳангоми баррасии масъалаи мазкур раиси ҲНИТ Муҳиддин Кабирӣ пешниҳод кард, ки мебояд тағйироте ворид намуд, ки мутобиқи он мақомоти давлатӣ барои ба собиқ вакилони парлумон пешниҳод намудани мансаби ба вакили мардумӣ баробар муваззаф гарданд.
Дар навбати худ, раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон Шодӣ Шабдолов қотеъона бо чунин тағйирот розӣ набудани худро изҳор дошта, гуфт, ки «чанде аз собиқ намояндагони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ пас аз анҷоми ваколаташон барои худ кори арзандае пайдо карда наметавонанд». «Ман ҳатто собиқ вакилеро медонам, ки имрӯз аз ночорӣ таксиронӣ мекунад», - иброз дошт номбурда.
Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров пешниҳодоти мазкурр қабул накарда, изҳор дошт, ки «агар ҳукумат барои бо ҷойи кори баробар таъмин кардани ҳар як мансабдори давлатии аз вазифа сабукдӯшшуда муваззаф гардад, пас ҳар як вазир низ пас аз сабукдӯш шудан аз мансаб, вазифа ва маоши муносибу баробар ба онро тақозо хоҳад намуд, ки ин ба хараҷу мараҷ оварда мерасонад».
Аз рӯйи натиҷаҳои овоздиҳӣ тағйироту иловаҳои аз ҷониби ҳукумат ба ин қонун бпешниҳодшуда бо аксари кулли раъйи вакилон маъқул шуморида шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста