Дар ҷаласаи иҷлосияи сеюми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ даъвати чорум вакилон ворид сохтани тағйироту илова ба Кодекси меҳнатро маъқул шумориданд.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала вакил Сабоҳат Муқумова зикр кард, ки мутобиқи тағйироту илова ба Кодекси меҳнат, минбаъд корфармо сарфи назар аз шакли моликият, ҳуқуқ надорад, ки бидуни имзои қарордоди меҳнатӣ бо коргар ба муддати на камтар аз як сол ӯро ба кор қабул намояд.
«Имрӯзҳо дар ҷумҳурӣ тарзи қабул ба кор ба муҳлати як, ду ё се моҳ бидуни имзои қарордоди меҳнатӣ маъмул шудааст, ки ҳуқуқи шаҳрвандон, аз ҷумла ҳуқуқ ба рухсатии меҳнатӣ, пардохтҳои иҷтимоӣ, пардохти варақаи беморӣ ва ғайраро поймол менамояд», - гуфт вай.
Ба гуфтаи вазири меҳнат ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии ҷумҳурӣ Маҳмадамин Маҳмадаминов, ки аз рӯйи ин масъала назари худро иброз дошт, айни замон дар Тоҷикистон ҳудуди 2 млн. шаҳрвандон бо ҷойи корӣ таъминанд, ки беш аз 50 дарсадашро занон ташкил медиҳанд.
«Аслан аксари коргарони бахши хусусии иқтисод ба мушкилоти баромадан ба рухсатӣ, озод гардидан аз ҷойи кор бидуни шарҳи сабаб ва ғайра дучор мешуданд, аммо баъди воридоти тағйирот ба Кодекси меҳнат ҳеҷ кас дар давоми сол ҳуқуқ нахоҳад дошт, ки онҳоро бе сабаби узрнок, бидуни санҷиши сатҳи тахассусӣ ё муоинаи тиббӣ аз кор сабукдӯш созад», - изҳор кард вазир.
Шодӣ Шабдолов, раиси ҲКТ, қайд кард, ки дар масъалаҳои сабукдӯш кардан аз кор натанҳо роҳбарони ширкатҳои хусусӣ, балки сохторҳои давлатӣ низ аз вазифа суистеъмол мекунанд. «Имрӯз дар Тоҷикистон касе намедонад, ки ба вақти кории аз меъёр зиёд, кор дар рӯзҳои иду истироҳат чӣ тарз маблағ пардохта мешавад», - гуфт Шабдолов.
Дар посух ба ин суоли Шабдолов муаллифи пешниҳоди тағйироту иловаҳо посух дод, ки дар Кодекси меҳнат маблағи пардохти кори аз меъёр зиёд, кор дар рӯзҳои иду истироҳат дар ҳаҷми ду баробар муқаррар шудааст.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста