Имрӯз дар шаҳри Душанбе пас аз таҷдиду азнавсозӣ маросими ифтитоҳи бинои осорхонаи геологияи Тоҷикистон баргузор мегардад. Дар ин маросим президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ширкат хоҳад варзид. Пас аз ифтитоҳи осорҳона Эмомалӣ Раҳмон бо кормандон, собиқадорони Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ мулоқот хоҳад орост.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» сардори Сарраёсати геологияи назди ҳукумати ҷумҳурӣ Азим Иброҳим хабар дод, ҳадафи аслии Барномаи давлатии рушди соҳаи геологияи ҶТ барои солҳои 2012-2020, ки ахири моҳи ноябр дар ҷаласаи ҳукумат тасдиқ шуд, пеш аз ҳама, ғанисозии заминаи истихроҷи ашёи хоми минералӣ, қонеъ сохтани талаботи корхонаҳои саноатӣ бо ашёи хоми маҳаллӣ ва ноил гардидан ба коҳиши ҳаҷми воридоти он аз хориҷи кишвар аст.
Ба гуфтаи вай, барои амалисозии барномаи мазкур ҷудо кардани 140,3 млн. сомонӣ аз буҷети давлатӣ дар назар буда, ғайр аз ин, дар ин давра афзоиши ҷалби ҳаҷми сармоягузорӣ ба ин бахш ба маротиб афзуда хоҳад шуд.
«Феълан сармоягузорони ватаниву хориҷӣ барои рушди бахши геологияи Тоҷикистон ба маблағгузорӣ дар ҳаҷми ҳудуди 300 млн. сомонӣ изҳори омодагӣ намуданд ва ман мтмаинам, ки то охири татбиқи барнома чунин маблағгузориҳо боз афзунтар мегарданд», - гуфт А.Иброҳим.
Номбурда ҳамчунин изҳори боварӣ намуд, ки қабули Барномаи давлатӣ ба ҷалби кадрҳои ҷавон ба соҳа мусоида менамояд, зеро дар ҷараёни он музди меҳнати кормандони соҳа зиёд шуда, заминаи моддиву техники хадамоти геологии Тоҷикистон низ бою ғанитар мегардад.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста