Дар иҷлосияи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон даъвати ҳафтум, ки имрӯз таҳти раёсати раиси палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ Маҳмадсаид Убайдуллоев баргузор гардид, исеъфои се узви маҷлис пазируфта шуд.
Бо дархости шахсии аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ, собиқ раисони шаҳри Истаравшан Муним Холиқов, ноҳияи Рӯдакӣ Мансур Қодиров ва ноҳияи Панҷ Мирзодавлат Сабуров ваколатҳои доштаи онҳо ҳамчун аъзои палатаи болоии парлумони кишвар бекор карда шуданд.
Ҳамин тариқ, дар палатаи болоии парлумони кишвар аз 34 курсӣ 4 курсӣ холӣ шуд. Нимаи аввали соли равон бинобар сабаби марги бемаҳали раиси ноҳияи Тоҷикобод Махсум Фозилов ваколатҳои ӯ низ чун узви ММ МО ҶТ бекор карда шуда буданд.
Аъзои палатаи болоии парлумони ҷумҳурӣ тариқи ғайримустақим интихоб карда мешаванд, зеро 25 нафар аъзои Маҷлиси миллиро интихобкунандагон – вакилони маҷлисҳои маҳаллӣ интихоб карда, 8 нафари дигарро бо фармони худ президенти Тоҷикистон таъин менамояд.
Ғайр аз ин, собиқ президентҳои Тоҷикистон ба якумр узви Маҷлими миллӣ будан ҳуқуқ доранд. Дар даъвати феълии Маҷлиси миллӣ собиқ президенти Тоҷикистон Қаҳҳор Маҳкамов аз чунин ҳуқуқ бархӯрдор аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста