Раиси палатаи болоии парлумони Тоҷикистон Маҳмадсаид Убайдуллоев бинобар сабаби анҷоми ваколатҳои дипломатӣ дар кишвари мо сафири Британияи Кабир дар Тоҷикистон Чарлз Тревор Мурро ба ҳузур пазируфт.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» ёвари раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии ҶТ Шавкат Саидов хабар дод, зимни мулоқот ҷонибҳо перомуни мушкилоти муҳоҷирати корӣ дар саросари ҷаҳон, нақзи ҳуқуқ ва озодиҳои муҳоҷирон дар аксари кишварҳо ва дигар масоили мавриди таваҷҷуҳи тарафайн табодули афкор намуданд.
«Дипломати британӣ ба М.Убайдуллоев изҳор кард, ки баҳри иҷрои дархости ӯ, ки соли гузашта ҳангоми сафари ҳайати парлумонии Тоҷикистон ба Лондон пешниҳод кардааст, ҳукумати Британияи Кабир ният дорад, аввали соли 2012 лоиҳаи созишномаҳои байниҳукуматӣ миёни кишварҳо дар бораи ҳамкорӣ дар бахшҳои иқтисодӣ, илмиву фарҳангӣ ва канорагирӣ аз андозбандии дукаратаро мавриди баррасӣ қарор диҳад», - гуфт ӯ.
Ба гуфтаи номбурда, М.Убайдуллоев барои саҳм гузоштан дар рушду таҳкими муносибатҳои ҳамкории Тоҷикистону Британияи Кабир ба Тревор Мур изҳори миннатдорӣ намуда, дар фаъолияти минбаъдааш барору комёбӣ орзу намуд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста