Палатаи поёнии парлумони кишвар тағйироти пешниҳодшуда аз ҷониби ҳукумати кишвар ба қонун «Дар бораи милиса»-ро маъқул шуморид.
Бино ба маълумоти муовини аввали вазири корҳои дохилии Тоҷикистон Рамазон Раҳимов, тағйироти мазкур ба муайян кардани механизмҳои ҷойивазкунии ҳайати мақомоти раҳбарии вазорат нигаронида шудаанд. «Пешниҳоди мазкур пеш аз ҳама, ба коҳиши сатҳи коррупсия дар сафҳои милиса равона гардидааст», - қайд кард Раҳимов.
Ба гуфтаи ӯ, мӯҳлати хизмати мансабдори воломақоми милиса дар як вазифаро ҳукумат муайян хоҳад кард.
Вакили палатаи поёнии парлумони кишвар Саодат Амиршоева бар ин назар аст, ки тағйироти пешниҳодшуда ҳамзамон ба истифодаи пурсамари захираи кадрии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон низ мусоидат менамоянд.
Рамазон Раҳимов иброз дошт, ки ҷойивазкунии кадрҳо нисбат ба сардорони шӯъбаҳои ноҳиявӣ, раёсатҳои вилоятӣ ва роҳбарони раёсатҳои дастгоҳи марказии ВКД мавриди амал қарор хоҳад гирифт.
«Мо ба ҳукумат чунин пешниҳод хоҳем кард, ки як нафар дар як вазифа набояд беш аз чор сол ифои вазифа намояд», - афзуд муовини вазири корҳои дохилии ҶТ.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста