Нишастҳои хабарии навбатии вазорату идораҳои ҷумҳурӣ санаи 9-уми январ оғоз мегарданд. Мақомоти раҳбарии вазорату идораҳои кишвар дар назди намояндагони васоити ахбори умум дар бораи фаъолият дар соли 2011 маълумот пешниҳод хоҳанд кард.
Қобили зикр аст, ки бо мақсади таъмини шаффофияти фаъолияти вазорату идораҳо ва дастрасии ВАО ба сарчашмаҳои расмии маълумот дар таърихи 4-уми марти соли 2005 супориши президенти Тоҷикистон дар бораи ҳар семоҳа баргузор намудани нишастҳои хабарӣ содир гардида буд.
Аммо мутобиқи супориши президенти мамлакат, шурӯъ аз 1-уми октябри соли ҷорӣ нишастҳои хабарии ҳатмии мақомоти давлатӣ дар ним сол як маротиба доир мегарданд.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз Дастгоҳи иҷроияи сарвари давлат хабар доданд, дар супориш гуфта мешавад, дар сурати зарурат роҳбарони вазорату идораҳо метавонанд дар як моҳ якчанд маротиба нишасти хабарӣ баргузор созанд.
Нуриддин Қаршибоев, раиси Анҷумани расонаҳои миллии мустақили Тоҷикистон дар робита ба ин масъала дар мусоҳиба ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки иқдоми мазкур вазъи бе ин ҳам душвори дастрасӣ ба маълумотро боз ҳам мушкилтар месозад.
«Ҳарчанд нишастҳои хабарии хар семоҳа ба ҳисоботи роҳбарон дар бораи фаъолияташон шабоҳат дошта буданд ҳам, ба ҳар ҳол, мебояд эътироф кард, ки онҳо воситаи асосии гирифтани маълумот аз сарчашмаи аслӣ ба шумор мерафтанд», - таъкид сохт ӯ.
Ба андешаи раиси Иттифоқи журналистони Тоҷикистон Акбаралӣ Сатторов, баргузории нишастҳои хабарии ҳар се моҳ аз иқдоми хубу назарраси сарвари давлат маҳсуб меёфт, ҳарчанд сатҳу сифати баргузории он на он қадр қобили қабул буд.
«Агар нишастҳои хабарии нимсолаи роҳбарони вазорату идораҳои давлатӣ дар сатҳи нисбатан баланд гузаронида шаванд ва дар онҳо вақти бештаре ҷудо гарданд, онҳо низ ба журналистон дар дастрасӣ ба маълумоти хушсифат мусоидат хоҳанд кард», - афзуд номбурда.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста