Бо Муовини якуми сарвазири кишвар таъин шудани Матлубхон Давлатов дар тақсими вазифаю салоҳиятҳои Сарвазир ва Муовини аввали ў баъзе тағйирот ворид мегардад.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат иттилоъ доданд, сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии умумии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатиро дар амалӣ намудани фаъолияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ гузошта, масъалаҳои саноат, комплекси сўзишворию энергетикӣ, хоҷагии манзилию коммуналӣ, нақлиёту коммуникатсия, геология, нафту газ ва истифодаи канданиҳои фоиданок, масъалаҳои меъморӣ ва сохтмони асосӣ, аз ҷумла сохтмони роҳҳои мошингард ва иншооти гидроэнергетикӣ, корҳои мелиоративӣ, назорати давлатии бехатарии корҳо дар саноат ва соҳаи кўҳкориро ҳамоҳанг месозад ва назорат мекунад, ба Шўрои миллии муқовимат ба коррупсия роҳбарӣ мекунад.
Сарвазири кишвар, ҳамчунин Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар муносибатҳои байналмилалӣ намояндагӣ карда, ба шартномаю созишномаҳои байниҳукуматӣ имзо мегузорад.
Муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбарии соҳаи иқтисодиётро ба роҳ монда, ҳамоҳангсозии фаъолияти вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ ва дигар мақомоти идоракунии давлатии кишварро дар бахшҳои гуногуни иқтисодиёт, аз ҷумла сиёсати буҷету андоз, ҷалби сармоягузорӣ, фаъолияти мақомоти андоз ва гумрук, идораи моликияти давлатӣ ва ҳамкории байналмилалии иқтисодӣ амалӣ ва назорат менамояд.
Муовини якум ҳангоми набудани Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифаҳои ўро иҷро менамояд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста