Мутобиқи нақшаи ҳукумат, Тоҷикистон тайи 10 соли наздик бояд аз кишвари содиркунандаи ашёи хом ба давлати истеҳсолкунандаи маҳсулоти рақобатпазир дар бозори ҷаҳонӣ табдил ёбад. Ин нуктаро имрӯз зимни шарҳи лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ба вакилони палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ вазири рушди иқтисод ва савдо Фаррух Ҳамралиев таъкид кард.
Ба қавли вазир, вазъи имрӯзаи иқтисоди кишвар, ки дар он ҳаҷми воридот нисбат ба содирот 2,5 баробар зиёд аст, касеро қонеъ карда наметавонад.
«Дар ҷаласаи ҷамъбастии ҳукумат президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз мушкилоти зикршуда изҳори нигаронии шадид карда, дар назди сохторҳои иқтисодии ҳукумат вазифаҳои мушаххас гузошт», - гуфт вай.
Ӯ таъкид кард, ки лоиҳаи қонуни аз ҷониби ҳукумат пешниҳодшуда «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ» ба афзоиши самаранокии иқтидорҳои истеҳсолии кишвар, рақобатпазирии маҳсулоти Тоҷикистон дар бозори ҷаҳонӣ нигаронида шудааст.
«Соли равон ба олимони тоҷик баҳри коркарду таҳияи технологияҳои инноватсионӣ аз буҷети давлатӣ 32 млн. сомонӣ маблағ ҷудо гардид», - афзуд Ф.Ҳамралиев.
Зимни изҳори андеша дар робита ба ин масъала раиси палатаи поёнииаапрлумони ҷумҳурӣ Шукурҷон Зуҳуров изҳор кард, ки бо назардошти муҳим будани масъалаи мазкур барои Тоҷикистон, маблағҳои ҷудошуда аз буҷети давлат барои таҳияву коркарди технологияҳои инноватсионӣ ночиз аст.
«Ба Вазорати Шумо таҳияи лоиҳа ва барномаҳои зиёди ҷолиб барои сармоягузорони хориҷӣ зарур аст ва шояд он замон пешравӣ ба мушоҳида расад», - гуфт ӯ.
Намояндаи мардумӣ Шодӣ Шабдолов зикр кард, ки лоиҳаи қонуни мазкур барои Тоҷикистон бағоят муҳим аст. «Ман аз он хеле хурсандам, ки дар лоиҳаи қонун ташкили фонди махсуси инноватсионӣ пешбинӣ шудааст», - гуфт раиси Ҳизби коммунисти Тоҷикистон.
Ӯ ҳамчунин ба вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ пешниҳод кард, ки барои бештар пурсамар амалӣ гардидани лоиҳаи қонун якчанд асноди зерқонунӣ низ таҳия созанд.
Пас аз баррасии яксоата лоиҳаи қонун «Дар бораи фаъолияти инноватсионӣ»-ро вакилони парлумон якдилона маъқул шумориданд.



Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста