Вазири нави маорифи Тоҷикистон Нуриддин Саидов имрӯз бобати нақшаҳои ислоҳоти низоми маориф дар кишвар ба вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ маълумот дод.
Аз ҷумла, ӯ зикр кард, баҳри эътирофи дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон дар сатҳи ҷаҳонӣ кӯшиш ба харҷ хоҳад дод.
Ба қавли вай, дар Вазорати маориф нақшаи чорабиниҳои иловагӣ дар ҳоли омодашавӣ қарор дорад, ки мутобиқи он дар кори вазорат ва воҳидҳои сохтории он баъзе тағйирот сурат мегиранд.
Ғайр аз ин, гуфт Саидов, минбаъд ба масъалаҳои омӯзиши забонҳои хориҷӣ дар макотиби таҳсилоти умумӣ ва олии ҷумҳурӣ, интихоб ва ба таҳсил ба мамолики хориҷӣ фиристодани ҷавонони тоҷик таваҷҷуҳи хосса зоҳир хоҳад шуд.
Нуриддин Саидов аз вакилони палатаи поёнии парлумони кишвар дархост кард, ки Конвенсия дар бораи эътирофи тахассуси мансуб ба маълумоти олӣ дар минтақаи Аврупоро, ки моҳи июни соли гузашта зимни сафари сарвари давлат ба парлумони Аврупо ба имзо расида буд, тасдиқ намоянд.
«Пас аз тасдиқи Конвенсияи мазкур дипломҳои макотиби олии Тоҷикистон дар кишварҳои узви Иттиҳоди Аврупо эътироф карда мешаванд», - гуфт ӯ.
Раиси палатаи поёнии парлумони кишвар Шукурҷон Зуҳуров дар робита ба ин масъала эрод гирифт, ки «бо имзо ва тасдиқи Конвенсия сатҳи донишу саводнокии донишҷӯён боло намеравад». «Барои ба ин мақсад ноил гаштан Вазорати маориф ва донишҷӯёнро мебояд кӯшиши зиёд ба харҷ диҳанд», - гуфт Зуҳуров.
Ба эроди Ш.Зуҳуров вазири нави маорифи кишвар посух дод, ки «ӯ дарк менамояд, ки чӣ масъулиятеро ба дӯш мегирад».




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста
Кобил13 феврал, 2012 13:30
Агар вазири нав хохад, ки сохиби эхтироми халки худ шавд ва ман бовари дорам, ки муваффак хам мешавад, агар ба халк ва омузгорон кариб шавад ва дархоро ба руи онхо кушода гардонад , то ки хар як падару модар , ё хар як омузгор тавонад пешниходе кунад ё мушкилиеро иброз намояд.Масалан, бояд вазир сайте дошта бошад ки дастрси хамагон бошад ва худи вазир бояд шахсан сайти худро мутоила кунад, на ин ки зердтонаш, ки факат таърифу тавсифро пешниход мекунанд.Мухимашон аст, ки ба арзу шиоятхо ахмияти чидди дода шавад, на ин ки мисли пештара; ду ё се инспекторхо аризаи шиоятиро гиифта ба кабинти директор ё ректор даромада, як соат сухбат мекунанд, баъд ба ресторан мераванд баъд онхоро диектор гусел намуда, колективи муалимонро чамъ намуда, аризаро мисли байрак баланд бардошта,"Ана дидед боз маро фалони тухмат кардааст,ана комисияи вазорат омада санчида рафт, ягон камбуди наёфт" И гуна санчшхо боварии мрдумро нисбати рохбарияту давлат кохиш мдихад ва муттахасисонро нисбати кору вазифаашон дилхнук мекунад. бинобар хамин дар гирди вазир бояд шахсоне бошанд, ки ба вазифаи ишголкардаашон муносибанд ва хакикатан хам ба ватану миллат содиканд, ба дил,на бо забон.Бисёри рохброни мактабхои миёна,коледжу лицейхо ё маълумоти педгоги надоранд, ё сбикаи кфии педагоги надоранд,ё истеъдоди рохбари ва ташкилотчиги надоранд,ки ин гуна рохброн хеч вакт таълимотро ба самти лозими пеш бурда наметавонад. Ин кмбудии рохбарон ба колектив аз рузхои аввал ошкор мешавад в бино бар хамин ВАЗИР ба кори хар як муассисаи таълими на аз руи маълумотноме(справка),ки директор бо якчанд хамфикронаш тартиб медихад бахо дихад,балки фикру акидаи коллектив омухта шавад ва бахогузори карда шавад.Агар вазири маориф хамаи рхбарони муассисахои таълимиро ба шахсони кордону поквичдон иваз намуда,хар як пшниход в арзу шикоятхоро сари вакт одилона халу фасл намояд ман бовари дорам , и ин ба фоидаи ко буда,обу руи вазирро дар назди халк балад мебардорад ва ин кор осон хам аст, чун ки сарфи мблагро талаб намекунад.Ман дар муассисаи таълими кор намекунам, лекин дилам ба миллату ватан месузад.Вакте, ки ман аз телевизору радио мешунавам , ки чи тавр мо дар илму дониш пеш рафтаем ва ба донишу ахлоки хонандагону доишчуён мукоиса меунам,гиряаам меояд ва беихтиёр мегуям; вой бар холи мо.....Ман ва фикр мекунам тамом падару модари точик ба вазири нав умед баста хохонем ки у дар сисемаи таълими ба кулли тъгироте дароварда,ба фарзанди точик дар омузиши илму маърифат рох мекушояд. Ба шумо мувафакият хохонам!