Вакилони парлумон ва намояндагони ҳукумати кишвар лоиҳаи қонун «Дар бораи истихроҷи ангишт»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.
Музокироти парлумонӣ бо ташаббуси Кумитаи энергетика, сохтмон ва коммуникатсияи палатаи поёнии парлумони кишвар сурат гирифта, дар он намояндагони мақомоти раҳбарии Вазорати энергетика ва саноати кишвар иштирок карданд.
Муҳаммадато Султонов, котиби матбуотии Маҷлис намояндагони Маҷлиси Олии ҶТ ба хабарнигори ОИ «Азия-Плюс» изҳор кард, ки дар ҷараёни баррасии лоиҳаи қонун вакилон ва намояндагони ҳукумат бар он ҳамфикр буданд, ки имконоти ҷумҳурӣ дар истихроҷи ангишт ва истифодаи пурсамари он ба манфиати кишвар дар сатҳи хеле паст қарор дорад.
«Вакилон зикр карданд, ки Тоҷикистон дар ҳаҷми беш аз 4,5 млрд. тонна захираи ангишт дорад, вале феълан дар як сол ҳамагӣ 140-150 ҳазор тонна ангишт истихроҷ мегардад», - иброз дошт Султонов.
Номбурда ҳамчунин гуфт, дар фарҷом вакилони парлумон изҳори умед кардаанд, ки бо қабули лоиҳаи қонуни зикршуда ҳаҷми истихроҷи ангишт афзуда, ба эҳтиёҷоти Марказҳои барқу гармидиҳӣ ва дар маҷмӯъ иқтисод оқилона истифода хоҳад шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста