Аббосалӣ Карим оғлу Ҳасанов сафири нави Озарбойҷон дар Тоҷикистон таъин гардид. Дар ин хусус фармони дахлдори президенти Озарбойҷон Илҳом Алиев ба имзо расид.
Тавре ба ОИ «Азия-Плюс» аз намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар шаҳри Душанбе хабар доданд, Ҳасанов дипломати касбӣ буда, аз соли 1999 то соли 2009 дар як вақт ба ҳайси сарвари намояндагии дипломатии Озарбойҷон дар Эрон ва намояндаи доимӣ дар назди Созмони ҳамкории иқтисодӣ (ЭКО) ифои вазифа намудааст. Аз соли 2009 то таъинот ба вазифаи нав дар Вазорати корҳои хориҷии Озарбойҷон ҳамчун сафир оид ба корҳои махсус фаъолият дошт.
Қаблан мансаби сафири Озарбойҷон дар Тоҷикистонро Магерам Алиев бар дӯш дошт. Моҳи майи соли гузашта бинобар сабаби анҷоми кори дипломатӣ ӯ аз ҷониби президенти Тоҷикистон ба ҳузур пазируфта шуда буд. Дипломати озарбойҷонӣ ба сарвари давлати Тоҷикистон ордени «Ҳилоли аҳмар ва ситораҳо» (Полумесяца и звезды)-ро супурда буд. Кумитаи байнулмилалии мубориза бо терроризм, нашъамандӣ ва ҷиноятҳои экологӣ - «INTERSAFETY» муассиси орден аст.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста