Таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шукурҷон Зуҳуров ҷаласаи навбатии Шӯрои Маҷлиси намояндагон баргузор гардид.
Тавре аз хадамоти матбуоти палатаи поёнии парлумони ҷумҳурӣ хабар доданд, дар ҷаласаи Шӯро масъалаҳо Оид ба тасдиқи Шартномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи кофтукови байнидавлатии шахсон, лоиҳаҳои қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва Созишнома дар бораи ҳамкории вазоратҳои корҳои дохилии (политсияи) давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар мубориза бар зидди хариду фурӯши одамон мавриди баҳсу баррасӣ ва муҳокима қарор гирифтанд.
Дар ҷаласаи Шӯро раиси кумитаи Маҷлиси намояндагон Амирқул Азимов ва дигар аъзои он зимни шарҳу тавзеҳи масъалаҳои рӯзнома таъкид доштанд, ки тасдиқи Шартномаи давлатҳои аъзои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар бораи кофтукови байнидавлатии шахсон барои коҳиши сатҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар қаламрави кишварҳои аъзо ва дар ин замина ба тақвияти ҳамкориҳои давлатҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дар самти мубориза бар зидди ҳамаи падидаҳои номатлуб мусоидат менамояд.
Дар интиҳои ҷаласаи Шӯро раиси комиссияи муваққатии экологии Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Рустам Латипов дар назди аъзои Шӯро дар мавриди вазъи экологии мамлакат гузориш дод.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста