Зимни ироаи паём ба парлумон президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон пешниҳод кард, ки ба ҳама гуна навъи санҷишу тафтишот ба фаъолияти истеҳсолкунандагони маҳсулоти ватанӣ ба муҳлати се сол моратория эълон карда шавад.
«Истеҳсолкунандагони ватаниро аз санҷишҳои беасосе, ки ба рушди истеҳсолот садд мегузоранд», озод кардан лозим аст», - гуфт вай.
Сарвари давлат ҳамчунин беҳбуд бахшидан ба кор дар бахши бонкдориро низ таъкид сохт. Ба гуфтаи ӯ, аввали солҳои 90-уми асри гузашта дар сохтори ВКД Раёсати мубориза бо ҷиноятҳои иқтисодӣ амал мекард, ки ба интиқоли маблағҳо ба ватан тавассути бонкҳо монеа эҷод мекард.
«Вақте ман шахсан дар бораи барҳам додани ин раёсат қарор қабул кардам, вазъ хеле беҳтар гардида, агар он замон ҳаҷми интиқоли маблағҳои пулӣ тавассути бонк ҳамагӣ ҳудуди 9 млн. $-ро ташкил медод, пас ҳозир он ба қариб 4 млрд. $ баробар шудааст», - гуфт президент.
Ҳамчунин Эмомалӣ Раҳмон зикр кард, ки вазифаи асосии давлат - ноил гардидан ба сатҳи баланди некӯаҳволии мардум ва таъмини рушди устувори иқтисодӣ аст. Дар робита ба ин сарвари давлат пешниҳод намуд, ки сатҳи музди меҳнати ҳадди ақалл 2,5 маротиба афзуда шавад. Айни замон ҳадди ақалли музди меҳнат дар кишвар 80 сомонӣ (ҳудуди 17 $) аст. Президенти Тоҷикистон ваъда кард, ки аз моҳи сентябр музди меҳнати ҳадди ақалл дар Тоҷикистон то 200 сомонӣ афзуда хоҳад шуд.
Дар мавриди масъалаи камбизоатии аҳолӣ президент изҳор кард, ки агар соли 1999 сатҳи камбизоатӣ дар Тоҷикистон 81%-ро ташкил медод, пас имрӯз ин нишондиҳанда то 42 % поин рафтааст. «Дар ин давра даромади аҳолӣ аз 1 млрд. то 16,2 млрд. сомонӣ зиёд шуд», - илова кард сарвари давлат.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста