Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон як қатор тағйироти кадрӣ амалӣ намуд.
Тавре аз хадамоти матбуоти сарвари давлат хабар доданд, бо фармонҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Амирулло Холов Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Ҷалолиддини Румии вилояти Хатлон ва Мирзохон Сангов Иҷрокунандаи вазифаи раиси ноҳияи Темурмалики вилояти Хатлон таъин гардиданд.
Бо қарорҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Руҳуло Ҳакимов Муовини вазири молия, Ҳикматулло Назиров Муовини якуми раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист, Шарифҷон Раҷабов Муовини раиси Кумитаи ҳифзи муҳити зист ва Раҳматулло Таваров Сардори Хадамоти давлатии назорати сохтмон ва меъмории Агентии сохтмон ва меъморӣ таъин шуданд.
Худобердӣ Холиқназаров Муовини якуми директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Сайфулло Сафаров ва Фарида Муминова муовинони директори ҳамин марказ таъин карда шуданд.
Ҳамчунин таъин гардиданд:
- Раҳматулло Мирбобоев - Ректори Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон;
- Диловар Қодиров - Ректори Донишкадаи соҳибкорӣ ва хизмат;
- Ғафур Усмонов - Ректори Донишгоҳи давлатии Хуҷанд ба номи академик Бобоҷон Ғафуров;
- Ҷамшед Ҷӯрабоев - Ректори Донишгоҳи давлатии ҳуқуқ, бизнес ва сиёсати Тоҷикистон;
- Маҳмад Шодиев - Ректори Донишгоҳи давлатии Қурғонтеппа ба номи Носири Хусрав;
- Имомёрбек Қаландарбеков - Ректори Донишгоҳи Давлатии Хоруғ ба номи Моёншо Назаршоев;
- Сулаймон Давлатов - Ректори Донишкадаи исломии Тоҷикистон ба номи Имоми Аъзам - Абӯҳанифа Нуъмон ибни Собит.
Нӯҳ нафари дигар ба вазифаҳои роҳбарӣ ва судя дар мақомоти судии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, вилояти Хатлон ва шаҳри Душанбе таъин шуданд.
Сардорони шуъбаҳои корҳои дохилии шаҳри Қайроққуми вилояти Суғд ва ноҳияҳои Ёвон, Ҷиликул ва Муъминободи вилояти Хатлон иваз карда шуданд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста