Парлумон ба Кодекси андози Тоҷикистон дар робита ба масъалаи пешниҳоди хизматгузории аэронавигатсионӣ тағйирот ворид намуд.
Ба гуфтаи вакил Сафаралӣ Гулов, пардохти андоз аз арзиши изофа (ААИ) барои расонидани хизматгузорӣ дар бахши мазкур мутобиқи тағйирот ба қонунгузории андоз ахири соли 2010 ҷорӣ гардида буд.
«Мутобиқи ин тағйирот, аз 1-уми январи соли 2011 дар Тоҷикистон пардохти ААИ барои расонидани хизматгузории аэронавигатсионӣ ҳатмӣ шуд, ки ба Конвенсияи байнулмилалии ҳавопаймоии шаҳрвандии аз ҷониби Тоҷикистон эътирофшуда мухолиф аст», - гуфт ӯ.
Зимни суханронӣ оид ба ин масъала муовини вазири молияи Тоҷикистон Руҳулло Ҳакимов изҳор кард, ки кишварҳои узви ИДМ, Назди Балтик, Иттиҳоди Аврупо ва Шарқи Наздик ҳангоми расонидани ба ин монанд хизматгузориҳо ба ҳавопаймоҳои Тоҷикистон дар фазои кишварашон пардохти чунин навъи андозро талаб намекунанд.
«Агар мо ААИ ба ин хизматгузориро бекор насозем, аксари кишварҳои дигар, ки ҳавопаймоҳои мо фазои онҳоро убур мекунанд, метавонанд пардохти чунин навъи андозро аз Тоҷикистон низ талаб кунанд, ки ба манфиати мо нест», - таъкид кард Ҳакимов.
Тағйироти мазкур, ки аз ҷониби ҳукумат пешниҳод шуда буд, бидуни баҳсу баррасӣ аз ҷониби вакилон маъқул шуморида шуд.




Бозии тақдирсоз. Пагоҳ тими миллии футболи Тоҷикистон дар Ҳисор Филиппинро пешвоз мегирад
Аз ифтитоҳи чанд бинову корхона то нигаронӣ аз рушди саноат ва кори ташкилотҳои қарзӣ. Эмомалӣ Раҳмон дар Суғд кадом иншоотро ифтитоҳ кард ва чӣ гуфт?
Як соҳибкор дар Суғд барои таҷлили зодрӯзаш 117 ҳазор сомонӣ ҷарима шудааст
"Аудиокитоб" бо Субҳон Ҷалилов. Асари "Таърихи инқилоби Бухоро"-и Садриддин Айнӣ |Қисми 55
Трамп гуфтааст, ки мехоҳад нафти Эронро дар ихтиёр бигирад
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 30 марти соли 2026
Шахси калидӣ барои музокирот ё ходими содиқи низом. Муҳаммадбоқир Қолибоф кист?
Субҳ ба хайр, Тоҷикистон! Як рӯз дар таърих, зодрӯзи шахсиятҳо, вазъи ҳаво барои 29 марти соли 2026
Аз оғози кушторҳои пайдарпай дар Конибодом ду сол гузашт. Ангезаи кушторҳо чӣ буду гумонбарон чӣ ҷазо гирифтанд ва чанд кас кушта шуд?
Даргузашти Маҳмудхон Шоев, рӯзноманигор ва ректори пешини Донишкадаи омӯзгории Рашт
Кулли ахбор
Авторизуйтесь, пожалуйста